Дузанагӣ ва паёмадҳои он

Осудагӣ на дар молу сарват будааст...

Яке аз низоъҳое, ки имрӯзҳо ҳамаро ба ташвиш овардааст, ин дузанагӣ ё ихтиёр кардани ҷавондухтарон ҳамчун завҷаи дуюм мебошад. Бинобар ин дар маводи мазкур аз ҳаёти як нафар ҷавондухтаре, ки аз надоштани саводи ҳуқуқӣ қурбони чунин ҳолат шудааст, огаҳ мешавед. Ном ва насаби духтар бо ифшо нашудани номаш ва бо хоҳиши худ иваз карда шудааст.
Номи ман Дилнавоз, ман 25 сола. Ба шумо оиди саргузашти талхи худ қисса мекунам. Ман бо хохиши худ як сол қабл бо сабаби камбизоатӣ ба як шахси сарватманд ҳамчун зани дуввум ихтиёр кардам. Интихоби ман агарчанде ба назари волидонам нодуруст бошад ҳам, аммо ман маҷбур будам. Чунки падарам маъюб ва модарам хонашину ду хоҳарам мактабхон будан. Ба гуфти шавҳарам зани қонунии ӯ аз оиладор шудани мо бархурдор буд. Пушида нест, ки шавҳарам ҳафтае як маротиба ба аъзои оилаам кӯмак мекард ва ба назди ман ду се маротиба меомад.

Ҳама ҷо то ҳомиладор шудани ман орому осуда буд...
Онҳое, ки имрӯз ҳамчун завҷаи дуюм бидуни ақди никоҳи қонунӣ балки тариқи никоҳи мусалмонӣ оиладор мешаванд, онҳо бо мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд.

Джураева Муҳаббат Юлдошевна

Сарвари маркази ҳимояи ҳуқуқии "Адвокати шумо"

Ман ҳам дар донишгоҳ таҳсил мекардам ва дар як қаҳвахона чун пешхизмат кор мекардам. Вақте, ки ҳомила калон шуд дигар ба кор намбаромадам. Шавҳарам ҳар рӯз меомад аз ҳолам хабар мегирифт.

Боре занаш ба ман занг зад ва хост дигар думболи шавҳарашро нагирам ва аз ӯ канор ҷӯям. Вагарна маро ба суд медиҳад ва ба мақомоти дахлдор шикоят мекунад. Ман ҳайрон мондам чун шавҳарам мегуфт, ки занам бохабар аст. Хуллас баъди ин моҷароҳо шавҳарам ҳам аз омадан худдори мекарду аммо бо сабаби ҳомиладориам ба ман маблағ ва кам кам озуқаворӣ харид мекард.

Дузанагӣ ва ё серзанагӣ ҷиноят ба муқобили оила ва ноболиғон буда, аз соли 1999 ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 170 ворид шудааст.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз байн муддате гузашту ҳомилаам ба нӯҳ моҳаги расид ва яку якбора шавҳарам ғайб зад. Ман ба ӯ борҳо занг мезадам ҷавоб намедод. Ман тавваллуд кардам ва ба хонаи падарам рафтам. Муддате гузашту шавҳарам ба ман занг зад ва гуфт “ агар наздат оям, занам аз ман қонунан ҷудо мешам гуфт, охир ман дуто фарзанд дорам намехоҳам, ки онҳо ятим монанд! ”

Ман ҳайронам, охир тақдири кӯдаки ман чӣ мешавад акнун? Ақди никоҳи қонунӣ надорам! Чӣ кор кунам? Ба куҷо арз кунам? Парешонам....

Хуллоса аз рӯи гуфтаи коршинос бар меояд, ки бояд пеш аз бунёд кардани оила, хуб ва ҷуқур фикр кардан лозим аст. Зеро дар Конститутсия ҳам омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқи озодона ба бунёд кардан ва ҷудо шуданро дорад. Лекин барои дучор нашудан ба чунин вазъият бояд ақди никоҳи қонунӣ дошта бошанд. Зеро баъд аз ба дунё омадани кӯдак вазъият тамоман ранги дигар мегирад, чун дар мавод аз саргузашти қаҳрамонамон воқиф шудем, вазъият тамоман душвор шуду ҳалли он маҳз тариқи қонун ҳал мешавад. Муроҷиати мо барои он нафароне, ки дониста ва ё худ надониста розигии худро барои завҷаи дуюм шудан ва ё зани дуюм гирифтани ҳастанд, таъкид менамоем то аз кодекси оила ва қонунҳои лозима шинос шуда бошанд.

This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website