Лоиҳаи "Озодӣ - дар қафас"
Қиссаи мазкур аз ҳаёти ҷавондухтаре, ки бо сабаби надоштани ҳуқуқи озод ба таҳсил, интихоби касб ва бунёди оила қурбони зуроварӣ шудааст, пешкашатон мегардонем.
Бо баробари ман тавоно гуфтан инсон набояд, ки ба ин қаноат кунад. Чуноне, ки қаҳрамони қиссаи мо мегӯяд, “Тавоноӣ дар сухан набудааст - балки дар амал”. Қаҳрамони мо Малика аз ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбатамон ба мо оиди нотавонӣ ва дар зиндагӣ нимароҳ монданаш қисса кард. Аз рӯи нақли Малика дар оила се духтару як писар буданд. Падари Малика деҳқон ва модараш дӯзанда буд. Малика, ки духтари калонӣ буд орзуву нияташ баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, нияти табиб шуданро дошт. Аз рӯи гуфтаҳояш Малика дар озмунҳову олимпиадаҳо иштирок карда, фақат ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. Устодону ҳаммактабон ӯро таъриф мекарданду “Тавоно” ном мебурданд. |
Маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷадвали зерин ҳисоботи оморӣ ба рафти бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2020-2021 дар вилояти Суғд
(дар заминаи хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11-ум)
Малика мегӯяд, ки боре шавҳарам аз нишасти ҳарифона омаданду бармаҳал хоб карданд. Ман Муҳаммадчонро гаҳвора карда истода будам, ки нохост овози баланди хуштоманам баромад . “Рӯзам сиёҳ шуд мардак чашмонатонро кушоед мардак” гӯён гиря мекарданд. Он дам хусури Малика дунёро падрӯд гуфта буд...
* Саидхоҷаева Мадина
Ба гуфти Малика шавҳараш дар давоми ду сол ниҳоят пули кам равон мекарду хушдоманаш бошад ба Малика тамасхур мекард.“Ҳамин ту шумқадам омадиву баракаи хонадон парид “сархур” гуён дашном мекард.
Малика гуфт: хостам кор ҷӯям, аммо ӯ бе маълумоти олӣ дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавонист. Маҷбур шуд, ки чун пешхизмат кор кунад. Аммо ин дер давом наёфт.
Рашид аз Россия бо телефон бо Малика ҷанҷол карда ҷавобашро дод. Малика мегӯяд: “Ман аз пушти ноилоҷи кор кардам на аз барои дилхушӣ. Хушдомани малика ба Рашид занг зада гуфта будаст, ки “ман инҷо кӯдакбону ӯ дар айшу ишрат”.
Дар расми навбати Шумо омори САҲШ-и вилояти Суғд оид ба қайди пошхӯрии оилаҳоро мебинед
Малика дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки “ Ман айни ҳол тавони нотавонам. Ҳолати равониам хуб нест. Дар фикр мондаам. Ман намехоҳам падару модарамро дар бало монда бо онҳо ҷанг кунам. Наметавонам падарамро сарзаниш карда бошам. Намедонам чи кор кунам? Бо кӯдаки хурдсолам ва бе маълумоту бе касб ба куҷо равам” ... |
“Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи ҶДММ ШТРР "Тирози Ҷавонӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад”