Издивоҷ - ин муносибати байни марду зан аст, ки дар он ҷо мустақилияти ҳарду ҷониб якхела, ва вобастагию ӯҳдадориҳо тарафайн мебошанд. (Луис Анспахер)
Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.
Вале афсӯс базе нафарон дар оила нафрату адоват ва рашку хусуматро ба миён оварда, арзишҳои инсонӣ ва тамоми хубиҳоро маҳв месозанд.
Қаҳрамони мо низ баъди ба ҳаёти мустақилона баромаданаш, пойбанди ғаму ғусса, рашку хусумат гашта, умри ҷавони худро дар таку танҳои гузаронида истодааст. Мо бо Нигина ном духтаре ҳамсуҳбат шудем. Дар вақти сӯҳбатамон Нигина оиди ҳаёти гузаштааш қисса кард.
Нигина мегӯяд, замоне ки падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд, модарам маро ба хохараш супурда барои дарёфти маблағ ба Россия сафар кардаанд. Нигина аз овони мактабӣ то хатм кардан дар тарбия холааш буд. Баъди хатми мактаб Нигина дар як каҳвахонае ба кор даромад, то ки каме ҳам бошад маблағ кор кунаду эҳтиёҷоти шахсиашро қонеъ гардонад... Хуллас бо гузашти аём дар он қаҳвахона Нигина кори худро ҳамчун хазиначӣ идома дода, баъдан бо як ҷавоне ошногӣ пайдо мекунад. Ба гуфти Нигина ҷавон Акбар ном дошта, ӯ дар ҳамсоягии каҳвахонаашон дар мағоза кор мекарда будааст. Рӯз то рӯз муносибати Нигинаву Акбар хуб гашта, бо суханҳои меҳрбор умед ба фардои зиндагии хуб мебастанд... |
Нигина мегӯяд, ки вақтҳои охир сараш тоб хӯрда дилаш беҳузур мешуд. Баъдан санҷишро гузаронида воқиф шуд, ки ҳомиладор аст. Ин хушхабарро бегоҳ ба Акбар мегӯям гӯён интизорӣ кашид.
Нигина мегӯяд, ки аз байн се моҳ гузашту, шавҳараш Акбар бо маслиҳати рафиқаш ҳамроҳ ба Россия сафар кардани шуд ва Нигинаро ба деҳот гусел кард. Он вақт 5 моҳа ҳомила дошт. Шароити деҳот каме вазнин буд. |
Дар воқеъ рашк ин як падидаи басо ногувор аст. Чуноне, ки воқиф шудед аз рашки беасоси шавҳар ин ҷавон духтар акнун дар нимароҳи зиндагӣ таку танҳо монд. Оила бисёр чизи муқаддаст аст, ки онро бояд бо муҳаббат ва бо меҳр бунёд кард. Хушунат дар ягон давру замон аз худ бартарӣ ва хубиҳоро нагузоштааст.
Дар поён назари коршиносро оид ба пайдоиши хушунат дар оиларо мешунавем. Коршиноси мо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Хуршеди зиндагӣ" Шуҷоат Ҳасанова мебошанд.
“Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи ҶДММ ШТРР "Тирози Ҷавонӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад”