Дар Ҳақиқат барои Моҳпора як имтиҳони басо душворе буд. Як тараф орзӯи хондану соҳибкасб шудан, як тараф бошад зиндагии рӯзмарраю шароити номусоид. Ба гуфтаи Моҳпора хостгорон 4-5 маротиба омаданд. Охирин рӯзи омадани хостгорон падари Моҳпора ба хостгорон дар ҳузураш гуфт : “Тӯй бошад тӯй қудоҷон! Ин духтари нодон ҳарчӣ гуфтан мегирад, домодро гӯед биёяд тӯйро сар мекунем”...
Гарчанде, ки Моҳпора розӣ набуд аммо интихобе надошт. Зеро фикр мекард, ки мо мардуми “шарқем” ва ба ҳар ҳол ин чун анъанае аст. Беҳтараш падару модарамро гӯш кунам. Моҳпора синфи 10-умро хатм карду ӯро нагузоштанд дигар ба мактаб равад.
Тӯй ҳам шуда гузашт...
Баъди 1 моҳ Моҳпора ҳамроҳи шавҳараш Равшан ба Федератсияи Россия сафар карданд. Моҳпора забони русиро хуб медонист ва ин барои Моҳпора як орзӯе ҳам буд.
Ҳар як шавҳар ва ё худ зан бояд нисбати якдигар меҳрубону ғамхор бошад.
Лоиҳаи
"Озодӣ - дар қафас"
“Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи ҶДММ ШТРР "Тирози Ҷавонӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад”