Зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофатест, ки барои ҳар ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ин мавҷуди олам дорои сиришту сармояест,ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд. Ӯ чун фариштаест, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояд. Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш мо инсонҳоро ба муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат, садоқату инсондӯстиро меомўзем. |
НОМҲОИ ҚАҲРАМОНОН БАРОИ ИФШО НАШУДАНИ ШАХСИЯТАШОН ИВАЗ КАРДА ШУДААСТ.
Мамлакатбону мегӯяд, ки шавҳараш бо ҳамсояашон қариб, ки ҳар шом ба бозиҳои қиморӣ (билярд) рафтаву аз онҷо нӯшида меомад. Ҳатто вақтҳои охир маблағҳои кор карда омадаашро ба қимор сарф карда мағлуб мешуд. Ба гуфти Мамлакатбону ин одат яку якбора рафтори шавҳарашро куллан дигар кард. Баъзан ҳамсояҳо шавҳарашро дар ҳолати мастӣ кӯталкунон меоварданд.
Мамлакатбону гуфт: “ Шавҳарам қиморӣ шуд. Борҳо ман маблағҳоро пинҳон мекардам, аммо шавҳарам маро латукӯб карда, талаб мекард маблағ диҳам. Боре ман ба бародари калонии шавҳарам муроҷиат кардам. Ҳама вазъиятро гуфтам, то ки шавҳарамро аз ин роҳ гардонанд. Зеро фарзандон ба воя расидаистодаанд, ба онҳо маблағ барои таҳсил ва оянда барои тӯй лозим аст. Шавҳарам боре маст омада маро дар назди фарзандон чунон латукӯб карданд, ки ман ду ҳафта ба худ наомадам. Сабабашро пурсон шавам дар ҷавоб гуфтанд “ Ту ба ман тамоман кор нагир. Агар нахоҳӣ баро рав! Ту аз фарзандон хавотир нашав, то ки ман ҳастам инҳо хору зор намешаванд. Ту зани нодон баро рав! “...
“Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи ҶДММ ШТРР "Тирози Ҷавонӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад”