Касбам маро аз танҳоӣ наҷот дод...

Лоиҳаи "Озодӣ - дар қафас"
~
Дар ҳақиқат имрӯзҳо бе ҳунар ё бе касб наметавон зиндагӣро пеш бурд. Бигзор мард аст ё зан, бояд ӯ ё ҳунар ва ё касб дошта бошад. Чун қаҳрамонӣ мо мегӯяд: “Ҳунар - хирвори ЗАР” аст. Мо дар доираи амалишавии лоиҳаи “ Озодӣ – дар қафас ” бо қаҳрамони навбатиамон ҳамсӯҳбат шудем. Қаҳрамони мо Бобоева Инобат мебошанд. Инобат дар рафти сӯҳбат оид ба ҳаёту рӯзгорӣ хеш қисса карданд. Инобат дар оилаи ҳунарманд ва деҳқон ба дунё омадааст. Падаркалонашон ҳунарманду падарашон бошад табиб. Инобат соҳиби 3 бародар ва 1 хоҳар аст. Аз қиссаи Инобат бар меояд, ки дар хонаводаи онҳо якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буд.

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.


Низомии Ганҷавӣ
шоир
Ба гуфти Инобат мактабро ӯ бо баҳои аъло хатм намуда, хостааст ба донишгоҳ дохил шавад. Лекин дар деҳот ба таҳсил фарогирии духтарҳоро наонқадар хуб мепазируфтанд. Чунки духтаракон дар синни 16-17 солаги фотиҳа шуда, бобаробари хатм кардани мактаб онҳоро ба шавҳар медоданд. Ин барои Инобат каме мушкил буд. Зеро худи ӯ мегӯяд “ҷуръате надошам, ки ба волидонам бигӯяд, ки таҳсил кардан мехоҳам” агарчанде, ки волидонаш зиддияте надоштанд. Ба гуфти Инобат бархе аз хешовандон ва наздикон дар оғоз розӣ набуданд. Чун ӯ мегӯяд, каме шуӯри Исломӣ ва андешаҳои танги деҳот сабабгор буд. Гӯё ба ақидаи базеҳо “духтарбача хонда чӣ мешавад? Бигзор шавҳар кунаду ба тарбияи фарзанд машғул шавад”...
Бинобар ин мо дар як пурсиши афкор аз якчанд бонувон бо саволи - " Барои ба муассисаҳои олӣ дохил шудани Шумо оё волидайни Шумо зиддият нишон додaанд ё на? " муроҷиат кардем.
~
Вале хушбахтона бо дастгирии бевоситаи модар ва падаркалон Инобат ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, бо дипломи аъло онҷоро бо ихтисоси тарҷумони забони Англисӣ хатм кардааст. Инобат мегӯяд “ ман орзӯи модарамро амалӣ кардам. Ҳама тағоҳоям соҳибмаълумоту соҳибкасб. Аммо модарамро ҳамонвақт нагузоштаанд, ки таҳсил кунанд. Ҳамаи кӯшишу заҳмати модарҷонам ин буд, ки ман соҳибмаълумот шавам. Шукронаи Аллоҳ мекунам, ки ман ба ин рӯз расидам. Орзӯи деринаи модарам дар ман ва хоҳарам амалӣ шуд. Хоҳарам ҳам Донишкадаи Тибби Тоҷикистонро хатм намуда, айни замон чун момодоя кор кардаистодааст.
Барои соҳибмаълумотшудани ман падарбузург ва модарам сабаб шуданд.

(Инобат Бобоева)

~
Дар сӯҳбат Инобат нахост оид ба оиладоршавӣ ва сабаби ҷудошавиаш қисса кунад. Вале Инобат танҳо бо як сухани дарднок гуфт ” Бахти ман омад накард”.
Лоиҳаи "Озодӣ - дар қафас"
Инобат ҳамроҳӣ писарчааш дар хонаи падару модараш зинадгӣ мекунад. Ба гуфти Инобат агар духтар ё ҷавонзан соҳибилму соҳибкасб бошад, ҳеҷ гоҳ ӯ хор намешавад. Айни ҳол Инобат дар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми омӯзгори забони англисӣ ва роҳбари синфиро ба ӯҳда дорад. Зиндагиаш басо ҷолибу хуш аст. “ Ман шукрона аз он мекунам, ки касб дорам. Боз шукри он мекунам, ки маро волидайнам дастгирӣ карданду ман нимароҳ намондам. Фарзандам дар тарбияи худам аст. Илми омӯхтаам ва касби омӯзгориям маро аз танҳоиву аз нимароҳӣ наҷот дод” мегӯяд Инобат. Ҳар гоҳе, ки ба мактаб меоям баҳри дилам кушода мешавад. Шогирдонам бо меҳр сухан мекунанд.
Ман ҳеҷ гоҳ худро инсони нолозима ҳис намекунам, чунки ман касби худро дорам. Он касе ҳунар дорад вай нимароҳ намемонад.

Бинобар ин муроҷиати ман ба тамоми духтарон ин аст, ки "Шумо ба ҳою ҳавас, зебогиҳои зиндагӣ ваталбонҳо дода нашавед"...

Зиндагӣ пастӣ ва баландӣ дорад. Бигзор ҳар як духтар хушбахт бошад. Аммо хушбахт шудан на ҳамавақт аз бандаи Худо вобастагӣ дорад. Дар ҳоле, ки ҷавондухтар соҳибкасб бошаду бахташ омад накунад, ӯ худро шахси нолозим ҳис намекунад.
~
Арзёбии лоиҳаи "Озодӣ - дар қафас"
Ман ба ташкилкунандагони лоиҳаи “Озодӣ – дар қафас “ миннатдории худро баён менамоям. Дар воқеъ ин иқдоми саривақтӣ аст, ки Шумо ба роҳ мондаистодаед. Бигзор аз гуфтаҳои ману аз корҳои Шумо ақалан як духтар ё ҷавон зан ба роҳи дуруст бар гардад, ё ин ки як волидайн ҳаёти духтари худро андеша кунад бароям ин бахт аст.

Инобат Бобоева

~
Лоиҳаи
«ОЗОДӢ - ДАР ҚАФАС»

Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи ҶДММ ШТРР "Тирози Ҷавонӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад

This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website