Аброрҷон ном бачае дар яке аз ҷамоатҳои н. Деваштич зиндагӣ мекард. Дар оилаи онҳо се бародарон ва модарашон зиндагӣ мекарданд. Ду бародари Аброрҷон оиладор ва соҳиби фарзанд буданду, аммо худи ӯ то ҳол оиладор набуд. То оила барпо кардани бародари миёнааш Исмат дар оилаи онҳо ягон шӯру ғавҳо арзи вуҷуд надошт.
Баъди як соли оиладор шудани Исмат миёни келинҳо ва бародарон нофаҳмиҳо барои соҳиб шудан ба мерос ба миён омад. Падарашон, ки барвақт аз олам гузашта буданд, ҳавливу ҳарам, молу мулк ҳоло тақсим нашуда буд. Аммо модарашон, ки камтар бемор буд тоқати ин моҷароҳоро накарда дам ба дарун ниҳода мегашт. Хуллас Аброрҷон мактабро хатм намуда барои барпо кардани оила хост маблағе кор кунад, ва роҳ ба сӯи Россияро пеш гирифт. Бародари калониаш Солеҳ ва ӯ дар як ҷо кор мекарданд. Аброрҷон маблағҳои кор кардаашро ба модараш равон мекард то барои тӯй ҷамъ намуда каму кӯсиро буд кунад.
Фасли зимистон фаро расиду бародарон ҷониби ватан баргаштанд. Ҳаррӯз моҷаро дар хона сар мезаду Модарашон бо суханҳои хуб оташи маҷароро хомӯш мекард. Аммо болои сухта намакоб, янгааш Таманно вақтҳои охир нисбати Аброрҷон адоват пайдо кард. Чандин бор дар набудани акааш ба ӯ ҳар гуна гапу чап ва лоф мезад. Ин суханони ӯ ба Аброрҷон сахт таъсир мекард. Ӯ медонист, ки янгааш нақшаи баде дорад то Аброрҷон аз ин ҳавливу ҳарам тамоман биравад. Аммо сахт эътибор намедод.
Исмат аккамро кушти гуён Аброрҷонро лағаткӯб карда, ба милитсия занг зад. Чанде пас ёрии таҷлили низ омад ва хушбахтона Солеҳро наҷот доданд. Ӯ ки сармаст буд, Аброрҷон дар пурсиши кормандони мақомот барои ҳимояи шахсияш ин корро кардам гӯён баёнот дод. Ва бо ҷурми расонидани зарар ба саломатӣ ва низоъ протоколи маъмурӣ тартиб дода ҷарима бастанд. Бо гузашти вақт модарашон, ки баъди вафоти падар ҳамчун меросхӯри асосӣ ва сардори хоҷагӣ буд, ба андешае омаду фарзандонашро шинонида такид кард. Оқибати ин муноқишаву низоъ чи шуд? Қариб буд Солеҳро аз даст диҳем! Дар назди маҳаллаву ҳамсоягон шарманда кардед гуён бо маслиҳаӣ ҳавлиро аз миён ду тақсим намуда ба Аброрҷон ва Исмат тақсим кард. Ба Солеҳ бошад дар замини наздиҳавлигӣ як хона бунёд карда бароварданд. Аброрҷон ҳоло ҳам оиладор нест вале ба ин нигоҳ накарда борӣ гарони зиндагӣ дар сараш афтид. Акнун Исмат баъзан пичингу найрангомез сухан мекунад ва ба назари Аброрҷон ӯ акнун мехоҳад пурра ба хона соҳиб шавад. Вале низоъ каме хомӯш шуд. Аммо моҷаро идома дорад...